Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон муборак!
31.05.2026 21:20
Ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, клуби футболи «Истиқлол» дар якҷоягӣ бо шарики худ - шабакаи нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории «Ориё» ба беморхонаи онкологии кӯдакон ташриф овард.
Ҳадафи асосии ин иқдом расонидани меҳру муҳаббат, дастгирӣ ва шодиву фараҳ ба кӯдакони шуҷоъе буд, ки имрӯз бо беморӣ мубориза мебаранд.
Намояндагони клуб ва ширкати «Ориё» бо кӯдакон суҳбат намуда, ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуда, орзуи сиҳатии комил, рӯҳияи қавӣ ва рӯзҳои хушро намуданд.
Мо бовар дорем, ки табассуми кӯдакон арзишмандтарин сарват аст ва вазифаи ҳар яки мост, ки ба онҳо умед, меҳрубонӣ ва ғамхорӣ бахшем.
Клуби футболи «Истиқлол» ва шабакаи АЗС «Ориё» тамоми кӯдакони кишварро бо Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон табрик гуфта, барояшон саломатӣ, хушбахтӣ, муваффақият ва кӯдакии рангин орзу менамоянд.
РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/37542
РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/37550











