Ба тоҷикӣ  На русском In English 

Ҷоми «Истиқлол» бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол!

06.05.2026 13:10

Бо ташаббуси роҳбарияти бошгоҳи футболи «Истиқлол» бахшида ба ҷашни Рӯзи байналмилалии футбол, мусобиқаи байналмилалӣ миёни наврасон «Ҷоми Истиқлол» баргузор мегардад!

Аз 19 то 25 май Академияи «Истиқлол» дар дараи Алмосӣ маркази ҷалби бозигарони навраси  боистеъдод аз кишварҳои Осиёи Марказӣ  хоҳад шуд.

Дар ин мусобиқа Академияҳои футболи минтақа: «Дордой» (Қирғизистон), «Астана» ва «Ғайрат» (Қазоқистон), «Бунёдкор» (Ӯзбекистон), инчунин мизбонони мусобиқа – «Истиқлол» ва мактабҳои футболи «Динамо», «Ювентус» ва «Бохтар Сити» аз Тоҷикистон иштирок мекунанд.

Ин мусобиқа – на танҳо як рақобат, балки як майдони воқеӣ барои дарёфти  истеъдодҳо, табодули таҷриба ва таҳкими робитаҳои байналмилалии варзишӣ мебошад.

Бозингарони наврас   имконияти беназире пайдо мекунанд, ки худро нишон дода, рӯҳияи футболи бузургро эҳсос намуда  ба футболи  касбӣ қадам гузоранд.

Ба ғайр аз иштирок дар мусобиқа, дастаҳоро  бахши  фарҳангӣ низ интизор аст:  саёҳатҳои ҷолиб, шиносоӣ бо таърих ва зебоиҳои Тоҷикистон, ки будубоши меҳмононро на танҳо аз ҷиҳати варзишӣ бой, балки воқеан фаромӯшнашаванда хоҳад кард.

Дар ҷамъбасти мусобиқа  ҳамаи иштирокчиён бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуда,  ғолибон ва ҷоизадорон бо медалҳо ва Ҷомҳо, ки маҳорат, рӯҳияи дастаҷамъӣ ва талоши онҳоро барои пирӯзӣ инъикос  мекунанд, сарфароз гардонида мешаванд.

«Ҷоми Истиқлол» U-12 – ин энергия, эҳсосот ва таваллуди ситораҳои нав аст!

Ояндаи футбол аз ин ҷо оғоз мешавад!

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Сарпарасти кулл Сийома
Сарпарастон
 
 
 
 
 
 
 
 
Шарикон
    
© Футбольный клуб «Истиклол», 2007–2026. Все права защищены. info@fc-istiklol.tj