ПИРӮЗИИ МУҲИМ ДАР ЛИГАИ ОЛӢ!
03.05.2026 22:20
ДАСТАИ «ИСТИҚЛОЛ» БО ҒАЛАБАИ БОВАРИБАХШ ДАВРИ 7-УМИ ЛИГАИ ОЛИРО ҶАМЪБАСТ НАМУД!
.jpg)
Дар вохурии сафарӣ, шогирдони Виталий Левченко бар дастаи «Вахш»-и Бохтар бо ҳисоби 2:0 зафар ёфтанд.
Қисми аввали бозӣ бидуни гол ба поён ёфт ва дар дақиқаҳои аввали қисмати дуюм пас аз партофти зебои Амирбек Ҷӯрабоев, Рустам Соиров ҳисоби бозиро кушод.
Дар дақиқҳои замгардидаи бозӣ, аз хатогии хати ҳимояи соҳибони майдон истифода бурда, Содиқҷон Қурбонов голи дуюмро вориди дарвоза намуд. Дар даври 8-уми чемпионати Тоҷикистон, «Истиқлол» санаи 10-уми май тими «Барқчӣ»-ро қабул менамояд.
ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН. ЛИГАИ ОЛӢ
ДАВРИ 7-УМ
«Вахш» - «Истиқлол» - 0:2
Голҳо: Рустам Соиров, 49 (0:1). Содиқҷон Қурбонов, 90+7 (0:2).
«Истиқлол» (Душанбе): Денис Кавлинов, Алиҷон Кароматуллозода, Табрез Исломов, Иван Зотко, Манучеҳр Сафаров (Далер Шарипов, 43), Фране Икич, Амирбек Ҷӯрабоев, Алишер Ҷалилов, Муҳаммадҷон Раҳимов, Дмитро Билоног (Содиқҷон Қурбонов, 62), Рустам Соиров (Масрур Ғафуров, 85).
Беҳтарин бозикуни вохурӣ: Рустам Соиров («Истиқлол»).
Корти зард: Нуриддин Ҳамроқулов, Алишер Баротов («Вахш»), Табрез Исломов, Денис Кавлинов, Далер Шарипов («Истиклол»).
Сардовар: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).
Нозири доварон: Ориф Ҷӯраев (Душанбе).
Комиссари бозӣ: Сӯҳроб Ҳамидов (Рӯдакӣ).
3 май. Бохтар. Варзишгоҳи «Вахш». 8400 тамошобин.
РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/36425
РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/36435
РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/36445
РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/36455











