Ба тоҷикӣ  На русском In English 

Иштироки сармураббии «Истиқлол»дар семинари «Қоидаҳои футбол барои мураббиёни клубҳои футболӣ»

24.02.2026 19:20

Пеш аз оғози мавсими нави футбол Федератсияи футболи Тоҷикистон якҷоя бо Лигаи футболи кишвар дар шаҳри Душанбе семинари махсус барои дастаҳои лигаҳои олӣ ва якум баргузор кард.

Дар ин ҷамъомади таълимӣ сармураббиён ва мураббиёни дастаҳои лигаҳои олӣ ва якуми Тоҷикистон, аз ҷумла сармураббии дастаи «Истиқлол» Виталий Левченко ширкат намуд.

 Семинарро дастурдиҳандаи Конфедератсияи футболи Осиё аз Ӯзбекистон Владислав Сейтлин гузаронд.

Ҳадафи асосии ҷамъомади мазкур шарҳ додани тағйирот дар қарорҳои доварӣ ва шинос кардани иштирокчиёни чемпионати Тоҷикистон бо иловаҳое мебошад, ки аз мавсими 2026 эътибор пайдо мекунанд.

Дар семинар мавзӯъҳҳои зерин муфассал шарҳ дода шуданд:

 Меъёрҳои навшудаи қабули қарорҳои доварон;

Раванд ва тартиби истифодаи системаи VAR;

Тафсирҳои нави лаҳзаҳое, ки бозии дағалона, бозӣ бо даст ва офсайдро дар бар мегиранд;

Талабот барои рафтори шахсони расмии дастаҳо дар минтақаи техникӣ.

РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/35519

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Сарпарасти кулл Siyoma
Сарпарастон
 
 
 
 
Шарикон
      
© Футбольный клуб «Истиклол», 2007–2026. Все права защищены. info@fc-istiklol.tj