Ба тоҷикӣ  На русском In English 

КАМБЭКИ «ИСТИҚЛОЛ» ДАР БАРОБАРИ «АЛ-ЗАВРА»

23.10.2025 10:30

ДАР БОЗИИ ДАВРИ СЕЮМИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲИИ ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲОИ ОСИЁ, ДАСТАИ “ИСТИҚЛОЛ”-И ТОҶИКИСТОН ТИМИ “АЗ-ЗАВРА”-И ИРОҚРО ШИКАСТ ДОД.

Набарди дастаҳо, ки  дар шаҳри Ҳисор доир шуд, бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи “Истиқлол” хотима ёфт. Ҳарчанд, аввалин шуда дар дақиқаи 4-уми бозӣ футболбозони меҳмон ба задани гол даст ёфтанд, аммо дастаи  мо  дар дақиқаҳои 20 ва 84-ум бо голҳои задаи Амирбек Ҷӯрабоев ва Пол Комолафе ба камбэк даст ёфт.

Дар бозии дигари  гурӯҳи “D”-и мусобиқа, дастаи “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ дар сафар тими “Гоа”-и Ҳиндустонро бо ҳисоби 2:1 ноком кард. Ҳамакнун, пас аз 3 даври рақобатҳо “Ал-Наср” бо доштани 9 имтиёз  садрнишини гурӯҳ аст. “Истиқлол” пас аз ин ғалаба, шумораи холҳояшро ба 6  расонида, дар зинаи дуюм қарор гирифт.

Дастаи “Аз-Завра” дар ҷои 3-юм ва “Гоа” дар мақоми 4-ум қарор доранд.

Дар бозиҳои даври 4-уми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2, 5 ноябр “Истиқлол” дар сафар бо “Аз-Завра” вохӯрда, “Ал-Наср” дар майдони худ бо “Гоа” дидор анҷом медиҳад.

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ-2025/26

МАРҲИЛАИ ГУРӮҲӢ. ДАВРИ 3-ЮМ

«ИСТИҚЛОЛ» - «АЛ-ЗАВРА» - 2:1

Голҳо: Иброҳим Бадамоси, 4 (0:1). Амирбек Ҷурабоев, 20 (1:1). Пол Камолафе, 84 (2:1).

«Истиқлол» (Тоҷикистон):  Никола Стошич, Ҷозеф Окоро, Марлен Чобанов, Содиқҷон Қурбонов, Манучеҳр Сафаров, Амирбек Ҷурабоев,  Муҳаммадҷон Раҳимов (Кирилл Суслов, 90+3), Эҳсон Панҷшанбе, Сиёвуш Ҳақназарӣ (Пол Камолафе, 62), Ризо Деҳқонӣ (Табрез Исломов, 78), Рустам Соиров (Масрур Ғафуров, 78).

Беҳтарин бозикуни вохурӣ: Амирбек Ҷурабоев («Истиқлол»).

Корти зард: Рустам Соиров, Ҷозеф Окоро, Муҳаммадҷон Раҳимов («Истиқлол»), Ҷалол Ҳасан, Набил Карар  («Ал-Завра»).

Сардовар: Аҳмад Файсал Алали (Урдун).

Нозири доварон: Мухтор Солеҳ Алӣ (Яман).

Комиссари бозӣ: Эҳаб Собир (Арабистони Саудӣ).

22 октябр. Ҳисор, варзишгоҳи марказӣ.  6420 тамошобин.

ФОТО: https://t.me/fcistiklol2007/33883

ФОТО: https://t.me/fcistiklol2007/33873

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Сарпарасти кулл Siyoma
Сарпарастон
 
 
 
 
Шарикон
      
© Футбольный клуб «Истиклол», 2007–2025. Все права защищены. info@fc-istiklol.tj