ДАР «ИСТИҚЛОЛ» САРМУРАББӢ ИВАЗ ШУД!
10.10.2025 20:50
ДАР ДАСТАИ ФУТЗАЛИ "ИСТИҚЛОЛ" САРМУРАББӢ ИВАЗ ШУД!
Клуби футболи "Истиқлол" ва Владимир Чурляев, ки аз оғози мавсими имсола дастаи футзалро тамрин медод, бо розигии тарафайн созишномаи меҳнатиро қатъ намуданд. Бо қарори роҳбарияти клуб, Александр Забирадзе, ки ду мавсими гузашта дастаро тамрин медод, сармураббии нави даста таъин карда шуд.
Роҳбарияти клуби футболи "Истиқлол" ба Владимир Викторович Чурляев барои фаъолияти анҷомдодааш изҳори сипоси самимӣ намуда, ба ӯ дар фаъолияти минбаъдаи мураббигиаш муваффақияту комёбиҳо таманно менамояд!