ҒАЛАБАИ «ИСТИҚЛОЛ» БАР «РЕГАР-ТАДАЗ»
04.09.2025 14:50
ДАР БОЗИИ САНҶИШӢ «ИСТИҚЛОЛ» БО НАТИҶАИ 1:0 БАР «РЕГАР-ТАДАЗ» ДАСТБОЛО ГАРДИД.
Аз танаффус дар бозиҳои Лигаи олӣ истифода бурда, дастаҳои «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозии санҷиширо доир намуданд. Дидори мазкур, ки дар «Талко-Арена» баргузор шуд, бо пирӯзии тими пойтахт ба поён расид. Голи ягонаро дар ин дидор дар дақиқиаи 62-юм Масрур Ғафуров ба нишон расонд.
БОЗИИ САНҶИШӢ
«РЕГАР-ТАДАЗ» - «ИСТИҚЛОЛ» - 0:1
Гол: Масрур Ғафуров, 62
«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич, Кирилл Суслов, Рудолф Туркай, Марлен Чобанов, Ҷозеф Окоро, Ромиш Насруллозода (Мубориз Мискиншоев, 55), Шаҳром Сулаймонов (Масрур Ғафуров, 46), Муҳаммадҷон Раҳимов (Муҳамадамини Хуршед, 55), Ризо Деҳқонӣ, Пол Камолафе, Манучеҳр Ҷалилов.
Сардовар: Амирҷон Хоркашев (Душанбе).
Турсунзода. Варзишгоҳи «Талко-Арена».
РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/33026