НАМОЯНДАГОНИ «ИСТИҚЛОЛ» ДАР ҚУРЪАКАШИИ ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲОИ ОСИЁ ШИРКАТ МЕВАРЗАНД!
13.08.2025 10:50
Бошгоҳи футболи «Истиқлол»-ро дар маросими қуръакашӣ, ки 15 август дар Малайзия баргузор мегардад, Рустам Ҳакимов - сардори дафтари матбуот ва Абдураҳим Муҳаммадзода - менеҷери даста намояндагӣ мекунанд.
Дар доираи сафари худ намояндагони бошгоҳи мо инчунин дар семинари омӯзишии Конфедератсияи футболи Осиё ширкат меварзанд.