«Истиқлол» шартномаашро бо Ҷошуа Акпуҷе қатъ намуд
19.07.2025 21:50
Бошгоҳи футболи «Истиқлол» бо розигии тарафайн бо футболбоз аз Нигерия Ҷошуа Акпуҷе шартномаи ҳамкориро қатъ намуд.
Ҳимоятгар аввали мавсими кунунӣ ба «Истиқлол» гузариш намуда, дар умум дар ҳайати даста дар 12 вохурии расми иштирок намуда, ба задани як гол даст ёфтааст.
КФ «Истиқлол» ба Ҷошуа Акпуҷе барои бозиаш дар ҳайати даста арзи сипос гуфта, ба ӯ дар фаъолияти ояндааш муваффақиятҳои калонро таманно менамояд!