Фирӯз Бекмуродов фаъолияташро дар дигар даста идома медиҳад
19.07.2025 01:50
Мӯҳлати қардоди ҳамкории тими футзали «Истиқлол» бо дарвозабон Фирӯз Бекмуродов ба анҷом расид.
Дарвозабони мунтахаби миллии Тоҷикистон фаъолияти ояндаи бозингариашро дар дастаи «Сипар» идома медиҳад.
Роҳбарияти КФ «Истиқлол» ба Фирӯз Бекмуродов барои бозии арзандааш дар ҳайати даста арзи сипос гуфта, ба ӯ дар фаъолияти ояндааш дастовардҳои навро таманно менамояд!