«ИСТИҚЛОЛ» ТАМРИНҲОРО ДАР АЛМОСӢ ИДОМА МЕДИҲАД
09.06.2025 11:35
КЛУБИ ФУТБОЛИ «ИСТИҚЛОЛ» ОМОДАГИҲОИ ХУДРО БА БОЗИҲОИ ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҚАРОРГОҲИ ХУД, КИ ДАР ДАРАИ АЛМОСӢ ҶОЙГИР АСТ, ДАВОМ МЕДИҲАД.
Шуруъ аз имрӯз, «Истиқлол» ба бозиҳои дарпешистодаи мавсим дар қароргоҳи даста, ки дар дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ҷойгир аст, омодагӣ мегирад.