РАСМАН: «ИСТИҚЛОЛ» ДАР ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲОИ ОСИЁ-2025/26 ШИРКАТ МЕНАМОЯД!
08.06.2025 02:50
Конфедератсияи футболи Осиё рӯйхати кишварҳоеро нашр кард, ки дастаҳояшон барои ширкат дар мусобиқоти бошгоҳҳии мавсими нав ҳуқуқ пайдо карданд.
Қаҳрамони Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе барои ширкат дар Лигаи қаҳрамонҳои дуюми Осиё-2025/26 соҳиби муҷаввиз (лицензия) гардид. Тими пойтахт ҳунарнамоиро аз марҳилаи гурӯҳии мусобиқот оғоз менамояд.
Даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои-2 рӯзҳои 17-19 сентябр баргузор мегардад.