Иди Қурбон муборак!
06.06.2025 04:50
Ҳамватанони гиромӣ!
Клуби футболи «Истиқлол» тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро бо фарорасии Иди Саиди Қурбон самимона табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо ва аҳли хонадони Шумо тансиҳатӣ, ризқи фаровон, хонаободӣ, сулҳу ваҳдат ва саодати рӯзгорро орзу менамояд. Бигзор рӯзу шабҳоятон саршор аз меҳру нуру баракат бошад!