БА ТАВАҶҶӮҲИ НАМОЯНДАГОНИ ВАО!
23.05.2025 16:30
ФАРДО, 24-УМИ МАЙ, ДАР ОСТОНАИ БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2025 ДАР МЕҲМОНХОНАИ «РУМИ» НИШАСТИ ХАБАРИИ ПЕШ АЗ БОЗӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД.
Дар он сармураббиёни дастаҳои «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» - Игор Черевченко ва Алишер Тухтаев, ҳамчунин бозингарон Ризо Деҳқонӣ ва Бахтиёр Қаландаров ширкат мекунанд. Оғоз соати 11:00.
Қабл аз ин, бо ширкати намояндагони дастаҳо, Лигаи футболи Тоҷикистон, комиссари бозӣ ва тамоми хадамотҳое, ки ба бозӣ ҷалб мешаванд, ҷаласаи пеш аз бозӣ баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки бозӣ барои ба даст овардани Суперҷоми Тоҷикистон-2025 миёни дастаҳои «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» рӯзи 25 май дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мешавад. Оғози бозӣ соати 19:00.