«РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ» ДАР «ИСТИҚЛОЛ-АРЕНА» ТАҶЛИЛ ГАРДИД!
20.05.2025 04:50
ШОМИ 19 МАЙ, БО ИБТИКОРИ РОҲБАРИЯТИ КЛУБИ ФУТБОЛИ «ИСТИҚЛОЛ» ДАР ДОИРАИ ТАҶЛИЛИ «РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ» ЧОРАБИНИИ БОШУКӮҲИ ВАРЗИШИЮ ФАРҲАНГӢ БАРГУЗОР ГАРДИД.
Таҷлили «Рӯзи ҷаҳонии футбол» дар варзишгоҳи «Истиқлол-Арена» воқеъ дар дараи Алмосӣ бо барномаҳои рангини варзишию фарҳангӣ роҳандозӣ шуда, шумораи зиёди меҳмонон ва ҳаводорони футболро ба ҳам овард.
Баҳри тамошо ва табрики иштирокчиёни чорабинӣ намояндагони Федератсияи футболи кишвар, тими «Истиқлол», собиқадорони футбол, хабарнигорон ва сарпарастону шарикони даста ба фестивал ташриф оварда, шоҳиди иди бошукуҳи футбол гардиданд.
Тарбиятгирандагони мактабҳои варзишӣ ва Академияи «Истиқлол» дар назди ҳамагон ҳунару истеъдоди худро намоиш дода, аз тарафи тими «Истиқлол» бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.
Аксҳои хотиравӣ ва тамринҳои якҷоя бо футболбозони ҳайати асосӣ, ҷавонон ва тими футзали «Истиқлол» ба кудакон ва наврасон хотироти нек боқӣ гузошт.
Ҳамчунин баҳри фароғати меҳмонон барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони шинохтаи эстрадаи тоҷик пешкаш гардида, ба фестивал шукуҳу шаҳомати хоса бахшид.
Ба шарикони даста, ки дар баргузории ин чорабинӣ саҳми калони худро гузоштанд, миннатдории бепоёни худро мерасонем.
Исҳори сипоси беандоза ба сарпарасти кулли чорабинӣ ширкати мобилии TCELL
ва сарпарастони фестивал ҶСК «ФАИЗА», КВД БССТ «САНОАТСОДИРОТБОНК» «ИСТИҚЛОЛ-ГУРӮҲ», ҶСК «СЕБИСТОН-2018», «АЛМАЗ-СИТИ», ВА НФС «ОРИЁ».
РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/31567?single
РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/31577?single
РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/31587?single
РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/31597?single
РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/31607?single
РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/31617?single