Ба тоҷикӣ  На русском In English 

ГИРОМИДОШТИ ХОТИРАИ ҚАҲРАМОНОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ!

09.05.2025 11:03

БОЗИГАРОН ВА МУРАББИЕНИ ТИМИ «ИСТИҚЛОЛ» ХОТИРАИ ҶАНГОВАРОНИ СОЛҲОИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНИРО ПОС ДОШТАНД!

Субҳи имрӯз, бозигарон ва ситоди мураббиени КФ «Истиқлол»  ҳамроҳи дастаи футзал ба  Боғи Ғалабаи пойтахт ташриф оварда, хотираи қаҳрамонони ҷанги Бузурги Ватанро  гиромӣ доштанд.

Ба поси хотираи афсарон ва сарбозоне, ки дар ҷанги Бузурги Ватанӣ дар солҳои 1941-1945  ҷони худро нисор кардаанд, ҳайати даста дар назди «Оташи ҷовидон» гул гузошта, хотираи онҳоро бо дақиқаи хомушӣ гиромӣ доштанд.

Едовар мешавем, ки аз Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор нафар ба фронт фиристода шуданд, ки беш аз 92 ҳазор нафари онҳо ба Ватан барнагаштанд.  Беш аз 50 ҳазор фиристодагони Тоҷикистон бо ордену медалҳо мукофотонида шуданд, 57 нафари онҳо ба унвони қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардонида шудаанд.

ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАШУДАААСТ! 

РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/31401

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Сарпарасти кулл Siyoma
Сарпарастон
 
 
 
 
Шарикон
      
© Футбольный клуб «Истиклол», 2007–2025. Все права защищены. info@fc-istiklol.tj