АМИРБЕК ҶӮРАБОЕВ - БЕҲТАРИН БОЗИГАРИ АПРЕЛ ДАР ЛИГАИ ОЛӢ
05.05.2025 11:50
НИММУҲОФИЗАТГАРИ «ИСТИҚЛОЛ» АМИРБЕК ҶӮРАБОЕВ БЕҲТАРИН ФУТБОЛБОЗИ МОҲИ АПРЕЛ ДАР ЛИГАИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ЭЪТИРОФ ГАРДИД.
Амирбек се дафъа дар моҳи апрел беҳтарин бозигари рақобатҳо эътироф шуда, ду голи дигар ба ҳадаф расонид. Ҷоизадорони моҳ дар Лигаи олии кишвар бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми се ҳазор сомонӣ қадрдонӣ мешаванд.