МУСОВИИ «ИСТИҚЛОЛ» ДАР ДАВРИ СЕЮМИ ЛИГАИ ОЛӢ
29.03.2025 21:50
ДАР БОЗИИ ОХИРОНИ ДАВРИ СЕЮМИ ЛИГАИ ОЛИИ ЧЕМПИОНАТИ МАМЛАКАТ МИЁНИ «ИСТИҚЛОЛ» ВА «ҲОСИЛОТ» НАТИҶАИ МУСОВӢ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД.
Бозии мазкур, ки имрӯз дар варзишгоҳи марказӣ баргузор шуд, бо ҳисоби 1:1 ба поён расид. Дар даври ояндаи дивизиони олӣ «Истиқлол» санаи 6 апрел бо тими «Панҷшер» вохурӣ анҷом медиҳад.
Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ
Даври 3-юм
«Истиқлол» - «Ҳосилот» - 1:1
Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 12 (1:0). Ислом Зоиров, 83 (1:1).
«Истиқлол» (Душанбе): Мухриддин Ҳасанов, Аҳтам Назаров, Табрез Исломов, Ромиш Насруллозода, Ҷошуа Акпуҷе, Николас Лоуренс, Амирбек Ҷурабоев, Алишер Ҷалилов, Муҳаммадҷон Раҳимов, Манучеҳр Ҷалилов (Рустам Соиров, 83), Масрур Ғафуров (Ризо Деҳқонӣ, 61).
Беҳтарин бозингари вохурӣ: Ислом Зоиров («Ҳосилот»).
Корти зард: Ҷошуа Акпуҷе, Николас Лоуренс, Ромиш Насруллозода («Истиқлол»), Ойбек Абдуғафоров, Били Обама, Самуэл Офори («Ҳосилот»).
Сардовар: Хуршед Дадабоев (Хуҷанд).
Нозири доварон: Абдураҳим Бобоев (Турсунзода).
Комиссари бозӣ: Асрор Шораҷабов (Истаравшан).
29 март. Душанбе. Варзишгоҳи марказӣ.