«ИСТИҚЛОЛ» ВА «САНОАТСОДИРОТБОНК» ШАРТНОМАИ ҲАМКОРИРО БА ИМЗО РАСОНДАНД
04.03.2025 18:50
КЛУБИ ФУТБОЛИ «ИСТИҚЛОЛ» ВА «САНОАТСОДИРОТБОНК» СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРӢ ИМЗО КАРДАНД.
Тибқи бандҳои созишнома, тамғаи молии бонк дар ҳама бозиҳои даста, инчунин дар ҳаёти иҷтимоии клуб ва намолавҳаҳои атрофи майдони варзишгоҳ ва воситаҳои таблиғотӣ васеъ инъикос мегардад.
Имзои худро зери шартнома Муовини Раиси Раёсати КВД БССТ “Саноатсодиротбонк” Шуҳрат Муҳиддинзода ва директори генералии КФ «Истиқлол» Шаҳзод Сулаймонов гузоштанд.
- «Мо аз имзои шартнома бо «Саноатсодиротбонк» хеле шодем. Шарикӣ бо ин бонк як қадами ҷиддӣ ба пеш дар рушди клуби мост. Ман боварӣ дорам, ки мо якҷоя ба бисер чизҳо ноил мешавем», - гуфт ба намояндагони ВАО Шахзод Сулаймонов.
- «Бонки мо фаъолияти худро ба лоиҳаҳои марбут ба варзиш ба тозагӣ шурӯъ мекунад. Бо оғози ҳамкорӣ бо тими «Истиқлол» мо саҳми худро дар рушди футболи ватанӣ мегузорем.
Боварӣ дорам, ки кори якҷояи мо самараи худро хоҳад дод» - изҳор дошт Шуҳрат Муҳиддинзода.