ҚАРОРДОД БО ДАРВОЗАБОНИ ҶАВОН!
26.02.2025 20:50
Ӯ ДУ МАВСИМИ ОХИР ДАР ДАСТАИ КМВА ҲУНАРНАМОӢ МЕКАРД.
«Истиқлол» бо дастпарвари Академия худ Сафаралии Музаффар қарордоди меҳнатиро ба имзо расонд. Дарвозабони ҷавон 20 сол дошта, қадаш 185 см мебошад.
Пас аз хатми Академия, ӯ ба дастаи КМВА гузариш намуда, то охири мавсими гузашта дар ин бошгоҳ бозӣ мекард.
Созишнома бо дарвозабони ҷавон барои се сол пешбинӣ шудааст.