ҲИСОБИ КАЛОН ДАР БОЗИИ «ХУҶАНД» ВА «ИСТИҚЛОЛ»
21.02.2025 17:50
ДАР ДАВРИ 16-УМИ ЛИГАИ ФУТЗАЛ МИЁНИ ДАСТАҲОИ «ХУҶАНД» ВА «ИСТИҚЛОЛ» НАТИҶАИ 13:0 БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД.
Дидори мазкур, ки имрӯз дар толори варзишии «Шоҳин» баргузор шуд, бо пирӯзии дастаи мехмон – «Истиқлол» ба поён расид. Пас аз ин ғалаба чемпиони мамлакат дар ҷадвал ба ҷои дуюм баромад.
СУПЕРЛИГАИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ФУТЗАЛ-2024/25
ДАВРИ 16-УМ
«Хуҷанд» - «Истиқлол» - 0:13
Голҳо: Абдукаюм Умаров-3, Матеус Соуза – 2, Ҳикмат Исмоилов-2, Фирӯз Бекмуродов-2, Муҳаммад Шарипов, Рустам Ҳамидов, Некруз Идиев, Равшан Оразмухамедов.
Беҳтарин бозикуни вохурӣ: Муҳаммад Шарипов («Истиқлол»).
Сардовар: Комрон Хайруллозода (Душанбе).
21 феврал. Гулистон. Толори варзишии «Шоҳин».