ВАҚТИ ОҒОЗИ ФИНАЛИ ҶОМИ ФФТ МУАЙЯН КАРДА ШУД
19.02.2025 17:50
БОЗИИ НИҲОИИ ҶОМИ ФЕДЕРАТСИЯИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН-2025, КИ 22 ФЕВРАЛ ДАР ВАРЗИШГОҲИ МАРКАЗИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БАРГУЗОР МЕШАВАД, СОАТИ 15:00 ОҒОЗ МЕЁБАД.
Дар вохурии ҳалкунанда ду дастаи пойтахт – «Истиқлол» ва КМВА бо ҳам вомехӯранд. Қобили зикр аст, ки барандаи Ҷоми Федератсия бар иловаи Ҷом 50 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дарёфт хоҳад кард.
Дорандаи медали нуқра бо 30 ҳазор сомонӣ ва барандаи медали биринҷӣ бо 20 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ мегарданд.
Қаблан «Истиқлол» шаш маротиба, солҳои 2014, 2015, 2017, 2018, 2019, 2021 барандаи Ҷоми ФФТ гардида буд.