Ба тоҷикӣ  На русском In English 

«ИСТИҚЛОЛ» ДАР ФИНАЛИ ҶОМИ ФФТ

18.02.2025 17:00

БО ТУФАЙЛИ ДУБЛИ МАНУЧЕҲР ҶАЛИЛОВ «ИСТИҚЛОЛ» БАР ДАСТАИ «ПАНҶШЕР» ПИРӮЗ ГАРДИДА БА ФИНАЛИ ҶОМИ ФФТ БАРОМАД.

Ҳамакнун дар бозии ниҳоии мусобиқаи пеш аз мавсим дастаи мо тими КМВА  вориди майдон мешавад. Бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ 22 феврал баргузор мешавад.

Қобили зикр аст, ки барандаи Ҷоми Федератсия бар иловаи ҷом 50 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дарёфт хоҳад кард. Дорандаи  медали нуқра бо 30 ҳазор сомонӣ ва барандаи медали биринҷӣ бо 20 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ мегарданд.

ҶОМИ ФФТ.  МАРҲИЛАИ НИМНИҲОӢ

«ИСТИҚЛОЛ» - «ПАНҶШЕР» - 2:0

Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 18 (1:0). Манучеҳр Ҷалилов, 75 (2:0).

Беҳтарин бозикуни вохурӣ: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»).

Сардовар: Рустам Нурматов (Душанбе).

18 феврал. Душанбе. Варзишгоҳи марказӣ.

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Сарпарасти кулл Siyoma
Сарпарастон
 
 
 
 
Шарикон
      
© Футбольный клуб «Истиклол», 2007–2025. Все права защищены. info@fc-istiklol.tj