Ба тоҷикӣ  На русском In English 

ИМЗОИ СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРӢ БО АКАДЕМИЯИ «ЮВЕНТУС»

12.02.2025 16:50

ҶОНИБҲО БО МАҚСАДИ ТАКМИЛИ НИЗОМИ ОМОДАСОЗИИ ЗАХИРАҲО ВА РУШДИ ФУТБОЛИ КӮДАКОН ВА НАВРАСОН ВА ҶАВОНОН ҲАМКОРӢ ХОҲАНД КАРД.

Клуби футболи «Истиқлол», ки  ба рушди футболи кӯдакон ва наврасон диққати махсус медиҳад,  бо Академияи «Ювентус»  созишномаи ҳамкорӣ имзо кард.

Дар маросими имзои қарордоди ҳамкорӣ директори генералии дастаи «Истиқлол» Шаҳзод Сулаймонов, директори Академияи "Ювентус"-и Тоҷикистон Равшан Бахтӣ ва дигар масъулину намояндагони ҷонибҳо ширкат намуда, аз ба роҳ мондани  ҳамкориҳои нав изҳори хушнудӣ карданд. 

Тибқи бандҳои шартнома мутахассисони Академияҳои "Ювентус" ва "Истиқлол" мубодилаи  таҷриба  намуда,  дар семинарҳо, конфронсҳо, машваратҳо ва дар чорабиниҳои муштараки варзишӣ иштирок менамоянд.

Дар доираи ин қарордод мураббиёни тоҷик ҳамакнун  ба семинару курсҳои бозомӯзӣ дар якҷоягӣ бо мутахассисони хориҷӣ  ҷалб гардида,  футболбозони болаёқат имкон пайдо мекунанд, ки шомили дастаҳои пешрафтаи на танҳо Тоҷикистон, балки Осиёву Аврупо гарданд.

 Академияи футболи "Ювентус" дар Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2022  ифтитоҳ гардида буд. Мақсади асосии он рушди футболи кӯдакон ва тайер кардани футболбозони сатҳи баланд мебошад.

РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/30544

РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/30554

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Сарпарасти кулл Siyoma
Сарпарастон
 
 
 
 
Шарикон
© Футбольный клуб «Истиклол», 2007–2025. Все права защищены. info@fc-istiklol.tj