РАҚИБОНИ «ИСТИҚЛОЛ» ДАР АМА МУАЙЯН ШУДАНД
27.01.2025 15:50
ИСМИ ДАСТАҲОЕ, КИ «ИСТИҚЛОЛ» БО ОНҲО ДАР АМОРАТИ МУТТАҲИДАИ АРАБ БОЗИҲОИ САНҶИШӢ ДОИР МЕНАМОЯД, МАЪЛУМ ШУДАНД.
Аввалин вохурии санҷишии худро «Истиқлол» санаи 14 феврал баргузор менамояд. Рақиб – дастаи «Урарту»-и Арманистон. Сипас, рӯзи 17 феврал, «Истиқлол» бо дастаи «Динамо»-и Самарқанд неру месанҷад.
Намояндаи Лигаи бартари Россия тими «Ростов» сеюмин рақиби қаҳрамони Тоҷикистон мешавад. Ин дидор рӯзи 21 феврал баргузор мешавад.