Ба тоҷикӣ  На русском In English 

АНДЕШАҲОИ САРМУРАББИИ «СИПОҲОН» ОИДИ БОЗИИ ФАРДО БО «ИСТИҚЛОЛ»

02.12.2024 16:30

АНДЕШАҲОИ САРМУРАББИИ «СИПОҲОН» ПАТРИС КАРТЕРОН ВА БОЗИНГАРИ ДАСТА ОРИЁ ЮСУФӢ ОИДИ БОЗИИ ФАРДО БО «ИСТИҚЛОЛ»

ПАТРИС КАРТЕРОН, САРМУРАББИИ «СИПОҲОН»;   

 - Нахуст мехостам миннатдории худро ба тамоми мардуми Тоҷикистон бобати истиқболи гарм иброз намоям. Бозии қаблӣ бо «Ал-Ваҳдат»  бароямон душвор сипарӣ гашт. Барои бозӣ муқобили «Истиқлол» хеле зиёд кор кардем, барномарезии хуб доштем, омодаем, ки барои имтиёзҳо мубориза барем.

Умедворам, ки «Ал Ваҳдат»  баромади хуб карда, тими «Шарҷа»-ро шикаст медиҳад, ки ин ба нафъи мо хоҳад буд.  Ба ҳар ҳол мо ба худамон тамаркуз  мекунем.  Ҳарифи мо дастаи хуб аст. Онҳоро эҳтиром мекунем. «Истиқлол»  ҳоло бартарии хеле калон дорад, ки дар майдони худ ҳунарнамоӣ менамояд.  Мо пагоҳ бо тамоми қувва дар майдон мубориза мебарем.


  ОРИЁ ЮСУФӢ, БОЗИНГАРИ «СИПОҲОН»;

 - Фазои даста дар сатҳи олист. Бо мураббии нав, ки хеле соҳибтаҷриба аст, мехоҳем хуб кор кунем ва чизҳои навро омӯзем. Мо бештар ба тамринҳои физикӣ ва тактикӣ  машғулем,  ин тарзи дарсдиҳии мураббии нав аст, ки ба бозигарон писанд аст. Умед дорем, пагоҳ соҳиби 3 имтиёз мешавем.

РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/29697

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Сарпарасти кулл Siyoma
Сарпарастон
 
 
 
 
Шарикон
© Футбольный клуб «Истиклол», 2007–2024. Все права защищены. info@fc-istiklol.tj