Ба тоҷикӣ  На русском In English 

«ИСТИҚЛОЛ» МУҚОБИЛИ «СИПОҲОН» БО ПИРОҲАНҲОИ САФЕД БОЗӢ МЕКУНАД!

30.09.2024 14:30

ИМРӮЗ ҶАЛАСАИ ПЕШ АЗ БОЗИИ ДАВРИ ДУЮМИ ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲОИ ОСИЁ-2024/25 МИЁНИ ДАСТАҲОИ «СИПОҲОН» ВА «ИСТИҚЛОЛ» БАРГУЗОР ГАРДИД.

Дар ҷаласа бо иштироки комиссари бозӣ, нозири доварон, намояндагони дастаҳои «Истиқлол» ва «Сипоҳон»ва дигар масъулин  масъалаҳои ташкилӣ оид ба вохурии дарпешистода баррасӣ шуд. 

Мизбонони рақобат футболбозони «Сипоҳон» бо пироҳанҳои зард ва дастаи меҳмон «Истиқлол» бо либосҳои сафед ба майдон мебароянд. Тибқи маълумоти пешакӣ, дар ин бозӣ дастаи «Истиқлол»-ро тақрибан 80 нафар мухлисони тоҷик  дастгирӣ менамоянд.  

Хотиррасон менамоем, ки вохӯрии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2024/25 миёни дастаҳои «Сипоҳон»-и  Эрон ва  «Истиқлол»-и  Тоҷикистон фардо, 1  октябр, дар варзишгоҳи «Фулодшаҳр» баргузор мегардад. Оғози бозӣ соати 19:30 бо вақти маҳаллӣ (21:00 бо вақти Душанбе). 

РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/28221

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Сарпарасти кулл Siyoma
Сарпарастон
 
 
 
 
Шарикон
© Футбольный клуб «Истиклол», 2007–2024. Все права защищены. info@fc-istiklol.tj